ОИННОМАИ МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “МОДАР ВА КӮДАК”
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Идораи маҷаллаи (минбаъд идора) “Модар ва кӯдак” таҳия ва интишори маҷаллаи “Модар ва кӯдак”, ки мушкилот ва масъалаҳо ва дастоварди гуногуни илмӣ дар соҳаи бехатарии модар ва кӯдак ва инчунин масаъалаҳои дастоварди илмӣ дар соҳаи гинекологияро (минбаъд Маҷалла) дар бар мегирад.
1.2. Муассисон ва ноширони Маҷалла Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи акушерон ва гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
1.3. Идора шахси ҳуқуқӣ, субъекти хоҷагидори мустақил набуда, фаъолияти хоҷагидориашро ҳамчун сохтори алоҳидаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ва Ассосиатсияи акушерон ва гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд“Муассис”) ба роҳ мемонад.
1.4. Идора фаъолияташро оид ба таҳия ва нашри маҷалла дар асоси хоҷагидори мустақили (соҳибихтиёрӣ) касбӣ роҳандозӣ менамояд. Роҳбарии Идора тибқи ҳамин Оиннома, низомнома ва дигар ҳуҷҷатгузории Муассис ба роҳ монда мешавад.
1.5. Маблағгузории фаъолияти Идора аз ҷониби Муассис, бо тартиби муайян намудаи Оиннома, низомнома ва дигар ҳуҷҷатгузории Муассис ба роҳ монда мешавад.
1.6. Доир ба ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи фаъолияти Идора ба амал меоянд, Муассис масъулияти ба ӯ вогузор шуда ва ҷавобгарии амволи ба душ гирифтаашро ба ӯҳда мегирад ва чун даъвогар дар назди суд ва арбитражи давлатӣ масъул мебошад.
1.7. Макони ҷойгиршавии Идора: 734002, ҶумҳурииТоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода, 31 тел. 992 37/221-36-56, 221-70- 29, вебсайт www.niiagip.tj
2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Муассис
2.1. Муассис ҳуқуқ дорад:
— Оинномаи Идораро тасдиқ намояд;
— тасдиқ ва тағйиру иловаҳоро ба оинномаи Идора ворид намояд;
— дар ҳолатҳои муайян карда шуда ва тибқи тартиботи Оинномаи мазкур
фаъолияти маҷалларо бандад, ё ки муваққатан манъ намояд;
— аз рӯйи низому тартиби муайяншуда мавзӯъҳо, такмил додан, забони маҷалла, номи он, шакл ва ҳудуди паҳнсозии маҷалла, мӯҳлати нашр, миқдор ва ҳаҷмашро тағйир диҳад;
— ба тарзи ройгон дар саҳифаҳои маҷалла ҷо додан ва дар мӯҳлати дархостшуда нашр намудани (алалхусус дар шумораи навбатӣ ё шумораи ба нақша гирифташуда) хабару васиқаҳо аз номи худ (маводи чопии Муассис);
— ҳаҷми ниҳоии маводи пешниҳодшудаи Муассис наметавонад аз 100 саҳифаи компютерӣ зиёд бошад;
— роҳандозии назорат аз болои фаъолияти Идора тибқи қонунгузорӣ, Оинномаи мазкур ва дигар васиқаҳои Муассис, аз рӯйи мавзӯҳо, такмилдиҳӣ, забон, давраи нашр, ҳаҷми Маҷалла ва дигар иттилооте, ки дар мавриди бақайдгирӣ ва дар таркиби шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегардад;
— ба сифати ношир, ба ҳайси паҳнкунанда ва соҳибмулки Идора баромад кардан;
2.2. Муассис вазифадор аст:
— Оиннома ва низомномаи Идораро риоя кардан;
— Мусоидат намудан ба кори Идора, омӯхтани мутолеакунандагон, пешкаш намудани Маҷалла ба алоқамандон, муассисаву ташкилотҳо дар гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки хонандагон. Бозоргузар намудани Маҷалла;
— Мудохила накардан ба фаъолияти касбии Идора, бо истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба назар гирифтааст.
2.3. Муассис метавонад ҳуқуқу ваколатҳои худро ба шахси севум бо розигии Идора вогузор намояд.
3. Ҳуқуқу ваколатҳои Идора
3.1. Идора ҳуқуқ дорад мустақилона:
— Фаъолияти худро дар доираи тасдиқкардаи Муассис мавзӯъҳо, такмил ва тамоюли Маҷалларо ба нақша дароварда, мазмуну мундариҷа ва ороиши бадеии онро ба расмият дарорад.
— аз рӯйи тартиби муқарраршуда муносибатҳои шартномавиро ба анҷом расонад;
— барои вазифаҳои алоҳидаро дар омода кардани маҷалла ҷалб намудани кормандони эҷодӣ ва техникие, ки дар воҳидҳои кории Идора корбаст нашудаанд;
— мустақилона ба имзо расонидан ва шумораҳои маҷалларо ба чоп додан;
— иртиботи хаттӣ ва электронӣ доштан бо хонандагони маҷалла ва ба инобат гирифтани завқу рағбат ва пешниҳодҳои онҳо доир ба мӯҳтаво ва ороиши бадеии маҷалла.
3.2. Идора вазифадор аст:
— сатҳи баланди илмӣ, мазмуну бадеият ва касбии интишори маҷалларо таъмин намояд;
— ороиши бадеии маҷалла ва тибқи талаботи меъёрҳои давлатї қоидаву низом, шартҳои техникӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қарордодҳоро бо корхонаҳои полиграфӣ роҳандозӣ намудан;
— таъмин намудани ҷадвали тасдиқшудаи истеҳсолӣ, ки ба ӯҳдароии Идора мансубият дорад;
— нашр намудани маводи пешниҳод кардаи Муассис дар ҳаҷм ва мӯҳлати дархостшудае, ки дар зермодаи 1.2.-и Оинномаи маҷалла омадааст.
4. Муносибатҳои амволӣ ва молиявии Муассис ва Идора
4.1. Амволе, ки Идора истифода мекунад қисми таркибии амволи Муассис мебошад. Тақсимоти ин ё он амволро тибқи салоҳдидаш умури идороти Муассис ҳал менамояд.
4.2. Маблағҳои пулиро Муассис барои истеҳсолот ва интишори Маҷалла, тибқи сметаи хароҷотии идоравӣ, ки онро сармуҳаррири маҷалла пешниҳод кардааст,ҷудо менамояд.
4.3. Тартиби истеҳсолот, ҷо додан ва паҳнсозии маводи тарғиботиро (рекламаро) дар Маҷалла Муассис муайян менамояд. Ҳаҷми рекламаро дар шумора умури идороти Муассис тибқи салоҳияташ муайян менамояд, вале на зиёда аз 40% ҳаҷми 1 шумораи маҷалла.
4.4.Маблағҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти Идора ба даст меоянд моликияти Муассис ба ҳисоб рафта, барои баргардонидани маблағҳои дар истеҳсолот истифода шуда, интишор ва паҳнсозии маҷалла, пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо ва дигар мақсадҳои дар Оиннома ва ҳуқуқҳои Муассис нишон додашуда, сафарбар мегарданд.
5. Роҳбарии Идора
5.1. Роҳбарии Идораро умури идороти Муассис ва сармуҳаррир дар сатҳи салоҳдидаш, тибқи оиннома ва дигар салоҳиятҳои Муассис ба иҷро мерасонад.
5.2. Умури роҳбарии Муассис, тибқи салоҳдиди худ, дар оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои Муассис чунин масъалаҳои Идораро ба иҷро мерасонад:
— ба вазифаи сармуҳаррир қабул ва озод менамояд ва бо ӯ шартнома мебанданд;
— ҳисоботҳои солонаи сармуҳаррир оид ба фаъолияти Идора, истифодаи маблағҳо ва амволи ба идора ҷудо шударо тасдиқ менамояд;
— равандҳои асосии фаъолияти идораро муайян менамояд;
— масъалаҳои қабул ва озод кардани кормандони Идора, ба имзо расонии шартномаҳоро бо журналистон ва дигар кормандони Идора роҳандозӣ менамояд;
— маблағҳо ва таҷҳизоти заруриро барои истеҳсолот, интишори Маҷалла ҷудо менамояд ва сметаи хароҷотии Идораро тасдиқ менамояд;
ва дигар ваколатҳоро тибқи оинномаи Муассис иҷро менамояд.
5.3. Фаъолияти ҳаррӯзаи Идораро сармуҳаррир роҳбарӣ менамояд.
Сармуҳаррир дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома, дигар ҳуҷҷатҳои Муассис ва инчунин Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад. Сармуҳаррир барои иҷроиши талабот доир ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, масъул мебошад.
5.4.Сармуҳаррир дар доираи салоҳиаташ роҳбарии Идораро ба ӯҳда дошта, дар асоси муътақидии (принсипи) яккасардорӣ ва мустақилона ҳал кардани ҳамаи масъалаҳои Идораро, бо истиснои дар Оинномаи мазкур, оид ба салоҳияти умурии дороти Муассис оварда шудааст, ҳал менамояд.
5.5. Сармуҳаррир:
— Идора, майлу рағбати муносибатҳоро бо Муассис, нашрия, паҳнкунандагон, шаҳрвандон, иттиҳодияҳои он, ташкилотҳо ва дар суд ифода менамояд;
— фаъолияти ҳаррӯзаи Идораро ташкил менамояд, ҷадвали корбасти кормандонро тасдиқ менамояд, фармоиш ва супоришҳоро барои бечунучаро иҷро гардидани он аз ҷониби кормандони Идора ба тасвиб мерасонад;
— ӯҳдариҳои вазифавиро байни муовин ва кормандони Идора тақсим менамояд ва дастурҳои вазифавии кормандони Идораро тасдиқ менамояд;
-вазифаҳои шуъбаҳои идораро муайян менамояд;
— оид ба таъсис додани ҳайати мушовара ва иваз кардани ҳайати он, таъин ва озод намудани аъзои таҳрир ва мушовара;
— интихоб карда гирифтани журналистон ва дигар муаллифон барои кор дар маҷалла;
— ба имзо расонидани ҳар шумораи Маҷалла;
— иҷро намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳдиди Оинномаи мазкур ва инчунин оиннома ва ба дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии Муассис мансуб мебошанд.
Сармуҳаррир ҳуқуқҳояшро тибқи дастурҳои вазифавии тасдиқ намудаи Муассис роҳандозӣ менамояд.
5.6.Сармуҳаррир ҳуқуқ дорад ҳайати таҳририи маҷалларо таъсис диҳад ва низомномаи онро тасдиқ намояд.
5.7.Сармуҳаррир аъзои ҳайати таҳририро ба узвият қабул ва озод менамояд. Худи сармуҳаррир аз рӯйи адои вазифа ба ҳайати таҳририи маҷалла шомил мебошад.
Ҳайати таҳрир тибқи зарурат бо дархости сармуҳаррир барои муҳокимаи масъалаҳо оид ба истеҳсолот ва барориши Маҷалла даъват карда мешавад. Раисии ҷаласаи мушовараи ҳайати таҳририро сармуҳаррир ба ӯҳда дорад.
5.8. Рӯзномаи мушовараи ҳайати таҳририро сармуҳаррир муайян менамояд. Аъзои ҳайати таҳрирӣ ҳуқуқ доранд дар рӯзномаи ҳайат масъалаҳои иловагиро ворид намоянд. Ин талабот метавонад пеш аз баргузории ҷаласа ва ё ҳангоми муҳокимаи ҳайати таҳрир баррасӣ гардад.
5.9. Қарори ҳайати таҳрирӣ дар ҳолате ҳаққонӣ эътироф меёбад, ки агар дар он на кам аз 50 дарсади ҳайати таҳрир иштирок намоянд, бахусус иштироки сармуҳаррирро низ ба ҳисоб бояд гирем. Қарор бо аксари овозҳои аъзои иштирокчиён қабул мегардад ва онро сармуҳаррир тасдиқ менамояд.
Қарори қабулкардаи ҳайати таҳрир хусусияти тавсиявӣ дорад. Сармуҳаррир вазифадор нест, ки сабаби рад кардани қарори баровардаи ҳайати таҳририро бо далелҳо исбот намояд.
Ҳайати таҳрирӣ ҳуқуқ надорад доир ба масъалаҳои дар оиннома буда ва корҳои умури корбарии Муассисро муҳокима кунад ва аз пеши худ қарор қабул намояд.
6. Асос, тартиби бастан ва мавқуф гузоштани фаъолияти Маҷалла
6.1.Нашри Маҷалла бо қарори Муассис метавонад манъ ё мавқуф гузошта шавад, ё ин ки аз рӯйи тартиби дар истеҳсолоти судии даъвои гражданӣ будаи ниҳоди ба ҳисобгирӣ қарор барорад (тибқи моддаи Қонуни ҶТ “Оид ба ВАО”).
6.2. Муассис ҳуқуқ дорад фаъолияти Маҷалларо қатъ намояд ё муваққатан мавқуф гузорад дар ҳолатҳое, ки агар:
-Идора дар муддати 3- моҳ талаботи қонунро доир ба ВАО, меъёри этикаи журналистӣ ё қоидаи Оинномаи мазкурро такроран вайрон кардан ва баъди огоҳинома гирифтан аз Муассис;
— дар ҳолати интишори Маҷалла барзарар будан;
— Муассис дар ҳолати имконияти молиявии худро барои нашри Маҷалла аз даст додан;
— нашри Маҷалла аз тарафи Муассис бо асосҳои гуногун ғайримақсаднок ҳисобида шуда.
Қарорро дар бораи қатъ намудан, ё муваққатан мавқуф гузоштани Маҷалла Муассис баъд аз машварат кардан бо сармуҳаррир,қабул менамояд.
6.3. Дар ҳолати қарор баровардан Муассис оид ба қатъ кардан ё мавқуф гузоштани фаъолияти Маҷалла, Идора барои ваколаташро ҳифз намудан ва онро ҳуқуқ дорад баъди аз нав баҳисоб гирифтан бо ҳамин ном дар ВАО маҷалларо нашр намояд.
6.4. Қабул кардани Қарор дар бораи қатъ намудани маҷалла,беэътибории Оинномаи мазкурро ба бор оварда Идора метавонад дар ин ҳолат барҳам хурад.
7. Ҳуқуқ ба номгузорӣ
7.1. Ҳуқуқи номгузории Маҷалларо Муассис ба ӯҳда дорад. Рамзи Маҷалларо метавонад Муассис бо сифати аломати молӣ тибқи қонунгузори ҶумҳурииТоҷикистон ба қайд гирад.
8.Оқибати ивазнамоии муассисон,тағйир додани ҳайати муассисон
8.1.Дар ҳолати иваз намудани Муассис маҷалла фаъолияти худро тибқи
риояи қонунҳои ҷорӣ баъди аз сари нав ба қайд гирифтан идома диҳад.
8.2. Дар ҳолати аз нав ташкилёбии Муассис ҳуқуқу вазифаи он пурра ба ваколатдори нав мегузарад. Дар ҳолати барҳамхурии Муассис бошад ҳуқуқуваколатҳои он пурра ба ихтиёри Сармуҳаррир мегузарад.
9. Тартиби тасдиқ ва тағйир додани Оинномаи Идора
9.1. Оинномаи Идора ва тағйироту иловаҳо ворид намуданро дар маҷлиси ҳайати журналистони Идора қабулкарда, онро Муассис тасдиқ менамояд.
9.2. Тағйироту иловаҳо ворид намудан дар оиннома Идора бо ташаббуси худи Муассис ва пешниҳоди Идора ворид карда мешавад.