Аз 25 июни соли 2024 маҷаллаи илмӣ-амалии «Модар ва кӯдак»-и Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» расман ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии (КОА) Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд.
Ин рӯйдоди муҳим барои ҷомеаи тиббии кишвар имконияти нашри тадқиқоти илмиро дар соҳаи акушерӣ, гинекологӣ, перинатологӣ ва фанҳои вобаста васеъ мекунад. Маҷалла платформаи боэътимоде хоҳад буд барои мубодилаи таҷриба, паҳн кардани дониш ва татбиқи усулҳои навин дар амалияи тиббӣ.
Редаксия муаллифонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд ва мақолаҳои илмии оригиналиро барои нашр интизор аст!
