Қоидаҳои омода намудани мақолаҳо

Ин «Қоидаҳо…» дар асоси «Талаботи ягона ба дастнависҳое, ки ба журналҳои биотиббӣ пешниҳод мешаванд», ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии муҳаррирони журналҳои тиббӣ (www.ICMJE.org) таҳия шудаанд, мураттаб сохта шудаанд.

Тайёр намудани дастнавис

1. Талаботи умумӣ ва форматкунӣ
Дастнависи мақола бояд ба забони русӣ ё англисӣ пешниҳод гардад ва дар компютер бо истифода аз барномаи MS Word 2007 (гарнитураи Times New Roman, андозаи шрифти 14, интервали 2,0) чида шуда, дар 2 нусха дар як рӯи варақи формати А4 бо пешниҳоди ҳатмии нусхаи электронии мақола чоп карда шавад. Андозаи ҳошияҳо: аз боло — 2,0 см; аз поён — 2,0 см; аз чап — 3,0 см; аз рост — 2 см. Ҳамаи саҳифаҳо, сар карда аз саҳифаи унвонӣ (титулӣ), бояд пайдарпай рақамгузорӣ шаванд.

Бояд имлои дар журнал қабулшуда, аз ҷумла ҳатман нишон додани ҳарфи «ё» дар калимаҳои мувофиқ риоя карда шавад.

2. Ҳаҷми мақолаҳо
Ҳаҷми мақолаи аслии пурраҳаҷм, бо назардошти бахшҳои дар банди 3 зикршуда, бояд 20–30 саҳифаро ташкил диҳад; мақолаи баррасӣ (обзорная) — на бештар аз 40 саҳифа; мақолаи бахшида ба тавсифи мушоҳидаҳои клиникӣ — на бештар аз 15 саҳифа; баррасии маводҳои конфронсҳо — на бештар аз 10 саҳифа.

3. Сохтори дастнавис
Дастнависи мақола бояд аз элементҳои зерин иборат бошад: саҳифаи унвонӣ (титулӣ); аннотация (резюме); инициалҳо ва насаби муаллиф (муаллифон); номи мақола; муқаддима (актуалӣ будани мавзӯъ); ҳадафи тадқиқот; қисми асосӣ; хулосаҳо (хотима) ва рӯйхати адабиёт. Қисми асосии мақолаи аслӣ бояд бахшҳои зеринро дар бар гирад: «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо», «Муҳокима».

4. Саҳифаи унвонӣ (Титулӣ)
Дар саҳифаи унвонӣ маълумоти зерин дода мешавад:
– Номи пурраи мақола;
– Инициалҳо ва насаби муаллифон;
– Номи расмӣ ва макони (шаҳр, кишвар) муассисае (муассисаҳое), ки кор дар он ҷо иҷро шудааст;
– Барои колонтитул — нусхаи кӯтоҳшудаи номи мақола (на бештар аз 50 аломат, бо назардошти фосилаҳо ва аломатҳои китобатӣ);
– Калидвожаҳо (на бештар аз 6), маълумот дар бораи муаллифон.

Дар ҳамин ҷо инчунин лозим аст, ки маълумот дар бораи манбаъҳои дастгирии сарпарастӣ дар шакли грантҳо, таҷҳизот, воситаҳои доруворӣ пешниҳод карда шавад; мавҷуд набудани бархӯрди манофеъ (конфликт интересов) тасдиқ карда шавад; шумораи саҳифаҳо, ҷадвалҳо ва расмҳо, инчунин суроға барои мукотиба нишон дода шавад.

5. Номи мақола ва Калидвожаҳо
Номи мақола бояд муъҷаз (кӯтоҳ), пурмазмун бошад ва муҳтавои онро дақиқ муайян кунад. Калидвожаҳо бояд мувофиқи рӯйхати Medical Subject Heading (Рубрикаҳои мавзӯии тиббӣ), ки дар Index Medicus қабул шудааст, интихоб карда шаванд.

6. Маълумот дар бораи муаллифон ва суроға барои мукотиба
Дар маълумот дар бораи муаллифон насаб, ном, номи падари муаллифон, дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, вазифаҳо, ҷои кор (номи муассиса ва сохтори он) нишон дода мешаванд. Дар суроға барои мукотиба бояд индекси почта ва суроға, ҷои кор, телефонҳои тамос ва суроғаи электронии он муаллифе, ки бо унвони ӯ мукотибаи редаксионӣ амалӣ карда мешавад, нишон дода шавад. Суроға барои мукотиба ҳамроҳи мақола чоп карда мешавад.

7. Аннотация (Резиуме)
Дар аннотацияи (резюмеи) мақолаи аслии илмӣ ҳатман бояд бахшҳои «Ҳадаф», «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо», «Хулоса» ҷудо карда шаванд. Аннотация ба забонҳои русӣ ва англисӣ (250–300 калима) пешниҳод карда мешавад ва бояд барои чоп ба таври алоҳида аз мақола мувофиқ бошад. Аннотацияҳои мақолаҳои кӯтоҳ, баррасиҳо, ҳолатҳо аз амалия сохторбандӣ (деталӣ) карда намешаванд ва ҳаҷми онҳо бояд на камтар аз 150 калимаро ташкил диҳад. Аннотацияҳо, калидвожаҳо, маълумот дар бораи муаллифон ва рӯйхатҳои библиографӣ аз ҷониби редаксия ба базаҳои маълумотии электронии информатсионӣ барои индексатсия фиристода мешаванд.

8. Муқаддима
Дар «Муқаддима» баррасии кӯтоҳи адабиёт оид ба мушкилоти маврудӣ назар оварда мешавад, таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои баҳснок ва ҳалнашуда равона карда мешавад, ҳадафи кор таҳия ва асоснок карда мешавад. Иқтибосҳоро ба нашрияҳои 10 соли охир додан лозим аст, ва сарчашмаҳои адабиёти дар мақола истифодашуда бояд шоҳиди дониши муаллиф (муаллифон) аз дастовардҳои илмии соҳаи марбутаи тиб бошанд.

9. Мавод ва усулҳо
Дар бахши «Мавод ва усулҳо» лозим аст, ки маълумоти муфассал оид ба объектҳо ва усулҳои интихобшудаи тадқиқот дода шавад, инчунин таҷҳизоти истифодашуда тавсиф карда шавад.

Дар он тадқиқотҳои клиникие, ки усулҳои ташхису табобат ба расмиёти стандартӣ мувофиқат намекунанд, муаллифон бояд маълумот пешниҳод кунанд, ки кумитаи оид ба этикаи муассисае, ки кор дар он ҷо иҷро шудааст, мувофиқати усулҳои охиринро ба Декларацияи Хелсинкии соли 1975 тасдиқ ва кафолат медиҳад.

Дар мақолаҳо ҷойгир кардани маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ), ки метавонад шахсияти беморро муайян кунад (зикри насаби ӯ, рақами таърихи беморӣ ва ғайра) манъ аст. Дар суратҳои рентгенӣ, ангиограммаҳо ва дигар барандагони маълумот, ки ба мақола илова карда мешаванд, насаби бемор бояд хира (затушёванный) карда шавад; суратҳо нюз набояд имкони муайян кардани шахсияти ӯро диҳанд. Муаллифон вазифадоранд беморро аз эҳтимоли нашри маълумоте, ки хусусиятҳои бемории ӯ ва усулҳои ташхису табобати истифодашударо инъикос мекунанд, огоҳ созанд, инчунин маҳрамиятро (конфиденсиалиятро) ҳангоми ҷойгир кардани маълумоти зикршуда дар нашрияҳои чопӣ ва электронӣ кафолат диҳанд. В ҳолатҳое, ки пинҳон кардани шахсияти бемор имконнопазир аст (суратҳои ҷарроҳии пластикӣ дар рӯй ва ғайра), муаллифон вазифадоранд ризоияти хаттии огоҳонаи беморро барои паҳн кардани маълумот пешниҳод кунанд ва инро дар мақола қайд намоянд.

Дар корҳои таҷрибавӣ бо истифода аз ҳайвоноти лабораторӣ ҳатман маълумот дода мешавад, ки нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳайвоноти лабораторӣ ҳангоми гузаронидани тадқиқот ба қоидаҳои байналмилалӣ, миллӣ ва ё қоидаҳои муносибати этикӣ бо ҳайвоноти он муассисае, ки кор дар он ҷо иҷро шудааст, мувофиқат мекунад. Дар охири бахш тавсифи муфассали усулҳои коркарди статистикӣ ва таҳлили мавод оварда мешавад.

10. Натиҷаҳо
Бахши «Натиҷаҳо» бояд муҳтавои асосии тадқиқотҳо ва натиҷаҳои онҳоро дуруст ва ба таври кофӣ муфассал акс намояд. Барои аёнтар будани маълумоти бадастомада, пешниҳод кардани унсурҳои охирин дар шакли ҷадвалҳо ва расмҳо мақсадбахш аст.

11. Муҳокима
Дар бахши «Муҳокима» натиҷаҳои дар рафти тадқиқот бадастомада бояд аз мавқеи интиқодӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гиранд, аз нуқтаи назари навоварии илмии онҳо, аҳамияти амалӣ ва бо маълумоти аллакай маълуми муаллифони дигар муқоиса карда шаванд.

12. Хулосаҳо
Хулосаҳо бояд муъҷаз (кӯтоҳ) ва равшан шакл дода шаванд. Дар онҳо бояд ба саволҳои дар ҳадаф ва вазифаҳои тадқиқот гузошташуда ҷавобҳо дода шаванд, натиҷаҳои асосии бадастомада бо нишон додани навоварӣ ва аҳамияти амалии онҳо инъикос ёбанд.

13. Ишораҳо ва ихтисорот
Бояд танҳо рамзҳо ва ихтисороти умумиқабулшуда истифода шаванд. Ҳангоми истифодаи зиёди кадом як ибораҳо дар матн, ихтисори онҳо дар шакли аббревиатура иҷозат дода мешавад, ки он ҳангоми бори аввал зикр шудан дар қавс оварда мешавад. Ихтисорот дар номи мақоларо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳамаи андозаҳои физикӣ бо воҳидҳои Системаи Байналмилалӣ (СИ) ифода карда мешаванд. Зикри танҳо номҳои байналмилалии патентнашудаи воситаҳои доруворӣ иҷозат дода мешавад.

14. Рӯйхати адабиёт
Рӯйхати адабиёти истифодашуда мувофиқи талаботи Vancouver style расмӣ карда мешавад. Ихтисорот дар номи журналҳо мувофиқи Index Medicus оварда мешаванд. Насаб ва инициалҳои ҳамаи муаллифон ҳатман нишон дода мешаванд. Агар шумораи муаллифон аз шаш нафар зиёд бошад, гузоштани [и др.] ё [et al.] пас аз номбар кардани шаш муаллифи аввал иҷозат дода мешавад. Инчунин зарур аст, ки рӯйхати адабиёт бо транслитератсияи англисӣ пешниҳод карда шавад.

Рақамгузории истинодҳо бояд ба тартиби иқтибос овардан дар матн мувофиқат кунад, на ин ки бо тартиби алифбо. Рақамҳои тартибии истинодҳо дар қавсҳои чоркунҷа оварда мешаванд (масалан, [1, 2], ё [1–4], ё [3, 5–8]). Дар мақолаҳои аслӣ ҳатман иқтибос овардани на камтар аз 15 ва на бештар аз 30 сарчашма, дар баррасиҳои адабиёт — на бештар аз 50 сарчашма зарур аст.

Истинодҳо ба авторефератҳо, диссертатсияҳо, дастурҳои методӣ, дастнависҳои депонишуда дар мақолаҳо иҷозат дода намешаванд. Истинодҳо ба тезисҳо ва мақолаҳо дар маҷмӯаҳои илмиро танҳо дар ҳолатҳои зарурати шадид истифода бурдан мумкин аст. Дар мақолаҳое, ки зарурати ҷиддии зикри ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мавҷуд аст, унсурҳои охирин дар шакли эзоҳҳо (дар поёни матн) оварда мешаванд ва ба рӯйхати адабиёт дохил карда намешаванд. Масъулият барои дурустӣ ва пуррагии ҳамаи истинодҳо, инчунин дақиқии иқтибосҳо аз сарчашмаҳои аввалия ба зиммаи муаллифон гузошта мешавад.

15. Ҷадвалҳо ва Иллюстратсияҳо (Расмҳо)
Ҷадвалҳо бояд дар матни мақола бевосита пас аз зикри онҳо ҷойгир карда шаванд, рақамгузорӣ шаванд ва ном дошта бошанд, ва дар сурати зарурат — эзоҳҳои поёни ҷадвал дошта бошанд. Ҷадвалҳо бояд дар формати Microsoft Office Word 2007 чида шаванд.

Маводи иллюстративӣ (суратҳо, расмҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо) бояд равшан ва контрастнок буда, мувофиқи тартиби иқтибос овардан дар матн рақамгузорӣ шавад. Диаграммаҳоро ҳам дар шакли расм дар матн ва ҳам дар шакли нусхаи электронӣ, бо файлҳои алоҳида дар формати Microsoft Office Excel пешниҳод кардан лозим аст. Дар тавзеҳоти зери микрофотографияҳо бояд усули рангкунӣ ва калонкунӣ (увеличение) нишон дода шавад. Нусхаҳои электронии иллюстратсияҳо бояд дар шакли файлҳои алоҳидаи формати TIFF ё JPEG бо қарори (разрешение) на камтар аз 300 dpi ҳангоми андозаи хаттии сурат на камтар аз 80х80 мм (тахминан 1000х1000 пиксел) пешниҳод карда шаванд.