ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ
1. Ташхиси пешакии дастнависҳо аз ҷониби муҳаррири масъули маҷалла амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунанда баррасӣ гардида, мутобиқати мақолаи илмӣ ба самти маҷалла, қоидаҳои тартибдиҳӣ ва талаботи муқаррарнамудаи редаксияи маҷалла баҳогузорӣ карда мешавад. Дар сурати мувофиқати ҳуҷҷатҳои мазкур ба талаботи ҷорӣ, мақолаҳо тавассути низоми «Антиплагиат» ё дигар низомҳои шабеҳи ҷустуҷӯӣ мавриди санҷиш қарор мегиранд. Ҳангоми ошкор шудани асардуздӣ (плагиат) ё усулҳои техникии пинҳон кардани он, мақолаҳо бо нишон додани сабаби баргардонидан ба муаллифон бозпас дода мешаванд. Мақолаҳои барои баррасӣ қабулгардида аз ҷониби коршиносони мустақил барои тақриз фиристода мешаванд. Муқарризон аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷалла таъин карда мешаванд.
Редаксия тақризҳоро ба муаллифони дастнависҳо дар шакли электронӣ ё хаттӣ, бидуни нишон додани насаби мутахассиси тақриздода ирсол менамояд. Дар ҳолати ҷой доштани бархӯрди манфиатҳои касбӣ, муаллифон ҳуқуқ доранд, ки дар мактуби ҳамроҳкунанда ному насаби он мутахассисонеро, ки ба фикри онҳо, фиристодани дастнавис ба онҳо барои тақриз мақсадвозеҳ нест, нишон диҳанд. Ин маълумот комилан махфӣ буда, аз ҷониби редаксия ҳангоми ташкили раванди тақриздиҳӣ ба назар гирифта мешавад. Дар сурати рад шудани нашри мақола, редаксия ба муаллиф раддияи асоснок мефиристад. Редаксия омода аст, ки дар сурати ворид шудани дархост аз ҷониби шуроҳои коршиносӣ, нусхаҳои тақризҳоро ба Комиссияи олии аттестатсионӣ (КАО) пешниҳод намояд.
2. Редаксия ҳуқуқ дорад, ки маводи барои нашр пешниҳодшударо ихтисор намуда, онҳоро ба бахшҳои маҷалла мутобиқ созад. Варианти ниҳоии мақола, ки барои чоп дар формати PDF омода шудааст, барои тасдиқ тавассути почтаи электронӣ ба муаллифон фиристода мешавад. Ислоҳоти муаллиф ва тасдиқи он бояд дар давоми 5 рӯз ба редаксия ворид гардад. Пас аз гузаштани муҳлати зикршуда, редаксия чуниин меҳисобад, ки муаллифон матнро маъқулдонистаанд.
3. Ҳамаи корҳои пешниҳодшуда, дар сурати мувофиқати онҳо ба талаботи ҷорӣ, дар маҷалла ба таври ройгон нашр карда мешаванд. Мақолаҳои таблиғотӣ, инчунин мақолаҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда ва/ё дистрибюторҳои онҳо маблағгузорӣ мешаванд, барои баррасӣ қабул карда нешаванд.
4. Пас аз нашри мақола, шакли электронии он дар формати PDF ба муаллифон фиристода мешавад.
6. Мақолаҳое, ки қаблан дар дигар нашрияҳо ба чоп расидаанд, қабул карда намешаванд.
7. Барои дурустии маълумоти овардашуда муаллифон масъулият доранд. Маводи муаллифон ҳатман нуқтаи назари ҳайати таҳририяро инъикос намекунад.
