ПЕШНИҲОДИ ДАСТНАВИС
1. Ба редаксия ду нусхаи дастнавис фиристода мешавад. Фиристодани матни мақола, маводҳои графикӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда ба суроғаи электронии журнал (info@niiagip.tj) ҳатмӣ мебошад.
2. Мақолаҳо аз ҷониби редаксия дар сурати мавҷуд будани роҳхати муассиса ва раводиди (визаи) роҳбар қабул карда мешаванд.
Ҳангоми фиристодани дастнависи мақола ба редаксияи журнал, ба он хати ҳамроҳикунанда аз номи муаллифон илова карда мешавад, ки дар он бояд масъалаҳои зерин акс ёбанд:
• инициалҳо ва насаби муаллифон;
• номи мақола;
• маълумот дар бораи он ки мақола қаблан чоп нашудааст ва инчунин ба журнали дигар барои баррасӣ ва чоп пешниҳод нагардидааст; уҳдадории муаллифон оид ба он ки дар сурати барои чоп қабул шудани мақола, онҳо ҳуқуқи муаллифиро ба ношир месупоранд;
• изҳорот дар бораи мавҷуд набудани бархӯрди манофеъи (конфликт интересов) молиявӣ ва дигар бархӯрдҳо;
• шаҳодат дар бораи он ки муаллифон дар ҳеҷ шакл аз ширкатҳои истеҳсолкунанда, аз ҷумла рақибоне, ки метавонанд ба натиҷаҳои кор таъсир расонанд, ягон мукофотпулӣ (мукофот) нагирифтаанд;
• маълумот дар бораи саҳми муаллифон дар сохтани мақола.
• имзои ҳамаи муаллифон;
3. Дастнависҳое, ки ба қоидаҳо мувофиқат намекунанд, аз ҷониби редаксия қабул карда намешаванд, ки дар ин бора муаллифон огоҳ карда мешаванд. Мукотиба бо муаллифон танҳо тавассути почтаи электронӣ амалӣ карда мешавад.
